top of page

ТАШКИЛОТ

​        Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» 14 сентябри соли 2023 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман таҳти №2073 аз қайди давлатӣ гузашта расман мақоми байналмилалӣ дорад.

Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» (минбаъд Ташкилот) ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии худидоракунӣ ва ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки мақсад ва вазифаҳои он тибқи Оиннома, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ мегардад.

  1. Ташкилот фаъолияташро мустақилона иҷро мекунад. Ташкилот ҳуқуқ дорад, ки бо ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ ҳамкорӣ намояд.

  2. Ташкилот аз рӯи уҳдадориҳояш бо маблағҳо ва моликияти шахсии худ ҷавобгӯй мебошад.

  3. Ташкилот аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дорои моликияти алоҳида, маблағҳои асосӣ ва мубодилавӣ, тавозуни мустақил, дар бонкҳо суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисобҳои арзӣ, шуда метавонад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ба даст орад ва дар судҳо даъвогару ҷавобгар бошад.

  4. Ташкилот бо тартиби муайяннамудаи қонун дорои мӯҳри гирд, штампҳо, варақаҳои махсус бо номгӯи худ, эмблемаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ, рамзҳои худӣ ва дигар нишонаҳо мебошад.

  5. Ташкилот фаъолияти оинномавии худро дар қаламравии Чумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

  6. Мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилот дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,  кӯчаи Рудакӣ 137 ҷойгир мебошад.

  7. Номи Ташкилот:

- бо забони тоҷикӣ: Ташкилоти ҷамъиятии байналмиалии ”Маркази рушди зеҳнӣ” мухтасар: “ТҶБ АРЗ”;

- бо забони русӣ: Общественная международная организация “ Центр интеллектуального развития”, мухтасар: “МОО ЦИР”

- бо забони англисӣ: Public International Organization “Center Intellectual Development”, мухтасар: “IPO CID”.

bottom of page