top of page

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО

​​

​2.1. Мақсади таъсис ва самти фаъолияти Ташкилот чунин аст:

Кӯмак ва дастгирии аҳолии мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию ақлонӣ, рушди қобилият, истеъдод ва тафаккури онҳо тавассути амалӣ намудани лоиҳа ва барномаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.

Мақсади Ташкилот аз ҷалб кардани хонандагон барои аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, мукаммал ва васеъ омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан бо технологияҳои навини иттилоотию комуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин дохил гардидан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии бонуфузи ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷӣмебошад.

2.2. Ташкилотмутобиқи қонунгузории амалкунандаиҶумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба мақсаду вазифаҳои худ чунин намудҳои фаъолиятро ба амал мебарорад:

- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аҳолӣ ва саҳмгузорӣ ба некӯаҳволии онҳо;

- ба роҳ мондани таҳсилоти иловагии наврасону ҷавонон тавассути ташкили курсҳои омӯзишӣ, семинару машваратҳо,инчунин машғулиятҳои таълимӣ ҷиҳати омода намудани хатмкунандагон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

- баргузории конференсияву семинарҳо, мизҳои мудаввар, мусобиқаҳои илмӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ва зеҳнӣ;

- муайян намудани кӯдакони болаёқат ва ба онҳо расонидани ёрӣ дар инкишофи маҳорати эҷодӣ ва лаёқат;

- фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани ихтисос ва маҳорати касбии омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ;

- нашри маҷаллаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва маърифатӣ ва маҷалаҳҳои сатҳи байналмилалӣ;

- пешбарии номзадҳо барои ба даст оварлани ҷоизаҳои соҳавӣ;

- баргузории озмунҳои касбии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиалалӣ байни кормандону мутахассисони касбу кори гуногун;

- таъсис ва супоридани ҷоиза, мукофотҳо ва дигар навъ қадрдонии шаҳрвандон бинобар комёбиҳои бадастомада;

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо баргузор намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- баргузории олимпиадаҳои фаннии фосилавӣ бо ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар;

- ташкил ва баргузории хакатонҳо барои наврасони ҷавонон;

- ташкили сексияҳои фаннӣ, студияҳои эҷодӣ, клубҳои илмӣ-ихтиръокорӣ ва гурӯҳҳои тадқиқотӣ;

- тибқи муқаррарнамудаи қонун мураттаб сохтан ва дастгирӣ намудани лоиҳа ва барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ;

 

- иҷрокардан ё ҳамдастӣ намуданҷиҳати ҷалб кардани маблағҳои маблағгузорони хайрхоҳ, маблағҳои давлатию хориҷӣ барои табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ;

- амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ, миёнаравӣ бо мақсади гирифтани даромад ва ё воридоти маблағи иловагӣ барои пешрафти фаъолияти ташкилот;

- ташкили Марказҳои таълимию касбӣ ва ҳунаромузӣ;

- ба амал баровардани фаъолияти хайриявӣ;

- дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ таъсиси барномаҳои телевизионӣ;

- ба амал баровардани дигар намудҳои фаъолият, ки ба қонунгузории амалкунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд;

bottom of page